Суди ноҳияи Ш.Шоҳини вилояти Хатлон
Соли 1991 баъди ташкил шудани ноҳияи Шӯрообод, Суди ноҳияи Шӯрообод низ таъсис дода шуд. Дар аввали тасисёби суди ноҳияи Шӯрообод, кормандони суд ҳамаги дар як утоқи корӣ, воқеъ дар бинои Ҷамоати деҳоти Шӯрообод ҷойгир карда шуда, кор ва фаъолият мекарданд. Бояд тазаккур дод, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, дастгирии роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси роҳбарияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002 дар маркази ноҳияи Шӯрообод сохтмони бинои суд оғоз ёфта соли 2004 бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳњаз гардонидашуда ба истифода дода шуд.
Дар давраи ташкилёбии суди ноҳияи Шӯрообод ҳамагӣ шаш нафар бо шумули кормандони техникӣ кор ва фаъолият мекарданд. То имрӯз низ суди ноҳияи Ш.Шоҳин фаъолият намуда истодааст. Аммо дар ин давра чандин нафарон вазифаи ин мақомотро роҳбари кардаанд, ки дар зер фаъолияти кории онҳо нишон дода мешавад. Аз ҷумла аввалин раиси суди ноҳияи Ш.Шоҳин ( собиқ Шӯрообод) Хоҷаев Салим мебошад, ки ӯ фаъолияти кориашро аз соли 1991 оғоз намуда то соли 1995 кор кардааст. Сипас аз соли 1995 то соли 2000 Исҳоков Амирхон Нусратович раисии ин судро ба ӯхда дошт. Аз соли 2000-ум бошад, то соли 2004 Холматов Сафарали Қурбонович ва аз соли 2004 то соли 2010 Шарипов Баҳром Буриевич суди ноҳияи Ш.Шоҳинро роҳбарӣ кардаанд. Бояд қайд кард, ки то соли 2010 дар суди ноҳияи Ш.Шоҳин ҳамаги як нафар ба ҳайси раиси суд кор мекард, ки дар як вақт ӯ ҳамчунин судя ба ҳисоб мерафт. Аз моҳи апрели соли 2010 баъди мавриди амал қарор гирифтани Кодекси мурофиаивии ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон, дар баробари раиси суд як симати судягӣ низ ҷорӣ шуд ва дар суди ноҳияи Ш.Шоҳин аз моҳи апрел то моҳи декабри соли 2010 Ятимов Бурҳонхуҷа ба ҳайси раис ва дар ҳамин давом аз моҳи июн ба ҳайси судя Ҷалолиддин Азизӣ кор кордаанд. Бояд қайд кард, ки бо дастгирии роҳбарияти давлат ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дар таърихи суди ноҳия нахустин зан Нурализода Зумрад Қосим бо пешниҳоди Шӯрои адлия аз тарафи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2010 ба вазифаи раиси суди ноҳияи Ш.Шоҳин таъин гардида то моҳи декабри соли 2017 раиси суди ноҳияи Ш.Шоҳинро роҳбари намуда истода, дар вазифаи судяи суди ноҳия бошад, Саидзода Мирзохон Давлат кор мекарданд. Айни ҳол Муминзода Зоҳир Тоҳирӣ раисии суди ноҳияро ба уҳда дошта, дар вазифаи судяи суди ноҳия бошад аз моҳи феврали соли 2020 Абдутолибзода Сайдҷафар Абдутолиб фаъолият намуда истодаанд.
Айни ҳол дар суди ноҳияи Ш.Шоҳин 9-нафар кор ва фаъолият карда истодаанд ва барои ба амал баровардани адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, корхонаву муассиса, ташкилот ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ сайю талош намуда истодааст.
Раиси суди
ноҳияи Ш.Шоҳин
Муминзода З.Т.