Мақомоти судӣ таҳкимгари ҳуқуқу озодиҳои инсон

 Пайдоиши мулк ва бақои давлат ба адлу дод ва риояи қонуну қонуният устувор аст ва додгустарон чун ҳомиёни адолат дар симои қонун ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро пуштибонӣ менамоянд.

                                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

 

 Дар масири таърих тоҷикон соҳиби давлату давлатдории мутамаддин ва мутамарказ будаанд. Аз таърих бармеояд, ки дар давлатдории тоҷикон ҳокимияти судӣ мақоми намоёнро доро будааст. Дар таърихи башарият аввалин бор шоҳ Куруши Кабир ҳуқуқ ва адолати инсонҳоро ба низом даровардааст. Яъне, ҳанӯз дар аҳди Ҳахоманишиён- дар қарни панҷуми пеш аз мелод Эъломияи Куруши Кабир содир шуда буд, ки дар он бори нахуст сухан аз ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи боадолат мерафт.

Дар китоби муқаддаси Зардушт «Авесто» доир ба 33 тарзи тартиби ошкор сохтану ҷазо додани қонунвайронкунандагон инъикоси худро ёфтааст. Дар ин китоби муқаддас тартиби ақди никоҳ, ҷудошавии оилаҳо, меъёрҳои ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва дигар масоили ҳуқуқӣ возеҳу равшан нишон дода шудааст.

Дар давраҳои минбаъда, бахусус дар замони давлатдории Сомониён ва сулолаҳои минбаъда, адолати судиро девони қозӣ амалӣ менамуд.

Баъди таъсис ёфтани Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, бо қарори Раёсати КИМ-и Точикистон аз 26 октябри соли 1929, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, бо ҳамин минвол, дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо судҳо таъсис дода шудаанд.

Аз ин рӯ, рӯзи кормандони мақомоти судӣ, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» «26 октябр» нишон дода шудааст, маҳз ба рӯзи таъсисёбии аввалин Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рост меояд.

Такмил ва таҳкими минбаъдаи воқеан демократии ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо баъд аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991) ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) ба амал бароварда шуд.

Вазифаҳои мақомот судӣ дар моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки тибқи он ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Бояд қайд кард, ки суд ягона мақомот ва шохаи ҳокимият аст, ки  кафолатҳои додаи Конститутсияро оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки арзиши олӣ эътироф шудаанд, ҳамарӯза дар амал таъмин ва ҳифз менамояд.

Адолати судӣ яке аз зуҳуроти ба амал баровардани адолати иҷтимоӣ буда, оид ба ҳифз намудани ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд мавқеи хоса дорад, яъне хусусияти хоси адолати судӣ, ба мисли мустакилияту беғаразии судяҳо ва танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат намудани онҳо, принсипҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, дар асоси мубоҳиса сурат гирифтани мурофиаи судӣ, баробарҳуқуқии иштирокчиёни мурофиа, кафили муҳими таҳкими қонунияту адолат ва рушди демократии ҷомеаю давлат мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ки ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз рӯи принсипи тақсими он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Бо қабули Конститутсия маротибаи аввал дар таърихи давлати мо ҳокимияти судӣ аз ҷиҳати қонунӣ яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид.

Бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ ва баланд бардоштани нақши он дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2009, 2011-2013, 2015-2017 ва 2019-2021 қабул ва амалӣ карда шудаанд.

Хушбахтона, бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ноҳияи Шурообод (ҳоло Ш.Шоҳин) соли 1991 аз нав эҳё гардид. Дар баробари дигар мақомоти давлатӣ дар ноҳия мақомоти судӣ низ таъсис дода шуд. Дар солҳои аввали таъсиси ин мақомот кормандони он дар як утоқи корӣ дар бинои Ҷамоати деҳоти Шурообод (ҳоло Теҳрай) фаъолият менамуданд. Он солҳо давраи хеле ҳассос буда, дар кишвар ҷанги таҳмилӣ оғоз гардид. Беқонунӣ кишварро комилан фаро гирифта буд, аммо кормандони суди ноҳия дар асоси қонунҳои амалкунанда ва аз рӯйи масъулияти баланди вазифавӣ фаъолият намуда, пеши роҳи қонуншиканиҳоро мегирифтанд.

Бо саъйю талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги таҳмилӣ нуқта гузошта шуд. Ин шароит фароҳам овард, ки корҳои созандагию ободкорӣ авҷ бигиранд. Бо дастгирии Пешвои муаззами миллат, соли 2002 дар маркази ноҳия сохтмони бинои суди ноҳияи Шурообод (ҳоло Ш.Шоҳин) оғоз гардида, он соли 2004 муҷаҳҳаз бо тамоми фановарии талаби айём, мавриди истифода қарор дода шуд.

Имрӯз дар ин бинои замонавӣ, судяҳо ва кормандони суди ноҳияи Ш.Шоҳин бо шукургузорӣ аз Истиқлолияти комил ва сулҳу ваҳдати миллӣ фаъолият намуда истода, барои боло бурдани маърифати ҳуқуқии сокинон, таҳкими эҳтиром ба қонун, пешгирии амалҳои қонуншиканӣ доимӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба роҳ монда шуда, дар рӯзномаҳои даврӣ мақолаҳо ба нашр расонида шудаанд.

Мо кормандони суди ноҳия сиёсати адолатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор худ намуда, баҳри амалӣ намудани адолати судӣ, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд доимо талош менамоем.

Дар интиҳо, ҳамаи ҳамкасбонро ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ табрику таҳният гуфта, баҳрашон тандурустии комил, барору комёбиҳо баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таманно менамоям.

 

              Иброҳимзода Дурандеш Бегмурод, раиси суди ноҳияи Ш.Шоҳин